Думаи давлатӣ созишнома бо Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар кайҳонро ба тасвиб расонд

Ҳуҷҷат принсипҳо ва меъёрҳои заруриро барои рушди ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар соҳаи иктишоф ва истифодаи фазои кайҳон ва татбиқи амалии системаҳо ва технологияҳои кайҳонӣ ба ҳадафҳои осоишта пешбинӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар ҷаласаи умумии Думаи давлатӣ созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот ва истифодаи фазои кайҳон ба ҳадафҳои осоиштаро ба тасвиб расонд.
"Самти асосии ҳамкорӣ ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои кайҳонии Русия барои ҳалли мушкилоти кунунии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии иншоот ва захираҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад", - омадааст дар санад.
Созишнома моҳи июни соли 2023 дар Маскав имзо шуда, моҳи ноябри соли 2024 аз ҷониби ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудааст.
Ҳуҷҷат принсипҳо ва меъёрҳои заруриро барои рушди ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар соҳаи иктишоф ва истифодаи фазои кайҳон ва татбиқи амалии системаҳо ва технологияҳои кайҳонӣ ба ҳадафҳои осоишта пешбинӣ мекунад, ки аз тавзеҳот бармеояд.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахши кайҳон тақвият меёбанд
Ин принсипҳо ва меъёрҳо ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, масъалаҳои танзими ҳифз ва мубодилаи намудҳои гуногуни иттилоот, сертификатсияи истифодаи ниҳоӣ ва тартиби муомилоти бехатар дар ҳудуди воридкунандаи маҳсулот ва технологияҳои муҳофизатшаванда, назорати содирот, рад кардани тарафайн аз пешниходи даъвохои масъулият ва чуброни зарар хангоми амали намудани фаъолияти муштарак, таъмини хифзи хукуки ва чисмонии моликияти тарафхо ва ташкилотхои дахлдор дар каламрави давлати воридкунанда дахл дорад.