ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати "Барқи Тоҷик" аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват намуд, ки арзу шикояти худро дар робита ба пардохти маблағи барқ, хомӯш ё фаъол набудани нерӯи барқ ба суроғаи ширкат ирсол накунанд.
Ба гуфтаи ӯ, масъули ингуна мушкилу масъалаҳо "Ширкати тақсимоти барқ" аст ва сокинон бояд арзу доди худро маҳз ба суроҳаи ин ниҳод ирсол кунанд.
"Аз ҳамаи сокинон ва истифодабарандагони неруи барқ хоҳиш менамоем, ки арзу шикоятҳои худро нисбати мушкилоташон аз ҷумлаи пардохти маблағи барқ, хомӯш ва фаъол набудани нерӯи барқ низ ба ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" муроҷиат намоянд", - изҳор дошт Аҳмадзода.
Сухангӯи "Барқи Тоҷик" дар идома тавзеҳ дод, ки бо чунин дархост онҳо борҳо ба мардум муроҷиат карданд вале ҳамоно ирсоли шикоятҳо аз сӯи мардум ба суроғаи онҳо идома дорад.
Манбаъ дар матни муроҷиати худ суроғаи Шабакаҳои тақсими барқ" (shtb.tj)-ро ҷо дода, шарҳ дод, ки сокинон метавонанд ба ин суроға арзу шикоят равон кунанд ва ё дар дохили ин рақами телефони боварӣ мавҷуд аст, ба он занг зананд ва аз мушкили худ гӯянд.
Ёдовар мешавад, ҳукумати Тоҷикистон ба хотири боло бурдани муассирияти фаъолияти “Барқи тоҷик” се соли қабл онро ба се қисмат тақсим кард.
Яке, худи “Барқи тоҷик” истеҳсол, дигаре, дуввумӣ, “Шабакаҳои тақсимоти барқ” тақсимот ва севвумӣ, “Шабакаҳои интиқоли барқ” интиқоли барқи нерӯгоҳҳои Тоҷикистонро ба дӯш гирифтанд.