ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Иқтидори ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина аз байн рафта таалафоти артиши Украина дар давоми амалиёти вижаи низомии Русия зиёда аз 1 миллион нафар сарбозро ташкил додааст.
Дар ин бора Андрей Белоусов, вазири дифои Русия дар ҷаласаи ниҳоии ҳайати мушовараи вазорати дифоъ хабар дод.
“Танҳо дар соли ҷорӣ иқтидори ҷангии душман коҳиш ёфт, ки талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина 560 ҳазор нафар кушта ва маҷрӯҳ ташкил дода дар маҷмӯъ, чунон ки [раисҷумҳури Русия] Владимир Путин қайд кард, онҳо қариб буд як миллион нафарро ташкил дод”,- гуфт Белоусов.
Ба гуфтаи вазири дифои Русия танҳод дар вилояти Курск режими Киев бештар аз 40 хазор сарбозашро аз даст додааст.
Ҳамчунин оқои Белоусов таъкид кард, дар соли 2024 Қувваҳои Мусаллаҳи Украина 58 ҳазор адад аслиҳа ва техникаро аз даст доданд, ки 18 ҳазораш истеҳсоли хориҷӣ буд.
Вазири дифои Русия дар ин ҷаласа қайд кард, ки дар соли 2024 Қувваҳои Мусаллаҳи Русия тақрибан 4,5 ҳазор киллометри квадратиро озод карданд.
Талафоти аратиши Укранаи дар ин муддат аз 560 ҳазор куштаю захмиро ташкил додааст.
Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир суръати пешравии артиши Русия ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз тақрибан 30 километри мураббаъро ташкил медиҳад.