ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дабири кулли Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Маттиас Графстрём Рустам Эмомалиро ба муносибати бори дигар интихоб шудан ба мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон табрик гуфт.
Вай дар номаи ирсолнамудааш ба унвони Рустами Эмомоалӣ навиштааст, ки бесаброна интизори идомаи таҳкими муносибатҳо ва шарикӣ бо Тоҷикистон аст.
“Мо якҷоя корамонро барои пешбурд ва рушди бозии бузурги футбол дар саросари Тоҷикистон ва Осиё давом медиҳемМ,- таъкид кардааст дабири кулли ФИФА.
Вай таъкид кард, ки дастаи ФИФА барои амалӣ кардани нақшаҳои Рустам Эмомалӣ омодааст, тавассути барномаҳои гуногун дар ҳама сатҳҳо кӯмак намоянд.
Вай ҳамчунин аъзои Кумитаи иҷроияро, ки дар қатори раиси ФФТ интихоб шуд, табрик кардааст.
“Таҷриба ва садоқати онҳо дар давраи ваколати қаблии шумо нишон доданд, ки дар дастгирии қарорҳо ва роҳнамоии ояндаи федератсияатон нақши муҳим мебозанд”, - қайд кардааст Маттиас Графстрём.
Дабири кулли ФИФА қайд кардааст, ки бесаброна интизори вохӯрӣ бо Рустами эмомалӣ аст.
“Итминон дорам, ки ин як имконияти хубест барои муҳокимаи минбаъдаи ҳадафҳои мо дар рушди футбол ва чӣ гуна мо метавонем ба шумо манфиатовар бошем”,- қайд кардааст Маттиас Графстрём дар номаи худ.