ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ахиран Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз шароити номусоиди обу ҳаво ва боридани барф 15 – 16 декабр ва рузҳои минбаъда ҳушдор дод.
Ба иттилои ин агентӣ, дар баъзе минтақаҳои кӯҳии кишвар ҳавошиносон баладшавии шиддати бодро бо суръати 17-22 м/с пешгӯӣ мекунанд, дар бархе ҷойҳо туман мефарояд.
Дар ҳамин ҳол, вазорати нақлиёти кишвар қайд кардааст, ки дар мавзеҳои кӯҳии шаҳру навоҳии тебеи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ ва дар роҳҳои автомобилгарди "Душанбе – Варзоб – Айнӣ – Хуҷанд", "Ваҳдат – Рашт – Тоҷикобод – Лахш", "Душанбе – Сангвор", "Ш.Шоҳин – Дарвоз", "Ванҷ – Хоруғ", "Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб" дараҷаи баланди яхбандӣ, фаромадани тарма ва сангрезӣ аз эҳтимол дур нест.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҳамаи муаасисаҳои нигоҳдории роҳҳо супориш дод, ки ба таври шабонарӯзӣ кор карда, бо истифода аз техникаи мавҷуда роҳҳои автомобилгард ва роҳравҳои пиёдагардро сари вақт аз барф тоза намоянд.
Вазорати нақлиёт ҳушдор додааст, ки бад шудани шароити обу ҳаво барои ронандагони воситаҳои нақлиёт андешидани тадбирҳои махсусро талаб мекунад ва ба онҳо тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
"Дар сурати аз рӯи зарурат сафар кардан тавассути ағбаҳо ҳатман чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд, зеро воситаи нақлиёт бо чархҳои капронии тобистона дар зимистон метавонад дар роҳ ба ҳолатҳои ногувор дучор шавад”, - қайд кардаас вазорат.
Ба ронандагон инчунин тавсия дода шудааст, ки барои бехатарӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ дар мошин занҷирҳои зиддилағзиш ва бел дошта бошанд.
Таъкид шудааст, ки андешидани ин тадбирҳо бо мақсади бемамониат гузаштан аз ағбаҳо бо нақлиёти боркаш ва сабукрав ва ба вуҷуд наомадани тамбашавии сунъӣ дар роҳҳои куҳӣ зарур аст.