Ризокорон аз Русия дар доираи лоиҳаи "Рисолати хайр" ба Душанбе омаданд.
Вазифаи асосии он мубодилаи таҷриба байни муҳассилин ва мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона мебошад.
Дар давоми ҳафта ихтиёриён ба барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва ободонии ёдгориҳои мактабҳо бахшида ба Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ машғул мешаванд.
Ризокороне, ки аз Иркутск то Белгород донишгоҳҳои Россияро намояндагӣ мекунанд, дар соҳаҳои гуногун ҳаракати донишҷӯён таҷрибаи калон доранд.
Ҳамзамон он аз омодагӣ ба ҳамкорӣ, аз ҷумла дар мавриди эҳёи ҳаракати дастаҳои донишҷӯён дар Тоҷикистон ва табодули таҷрибаомӯзии корӣ изҳори назар кардаанд.
Тавре Андрей Патрушев, раиси намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон таъкид кард, "Хонаҳои русӣ" ба дастгирии ҳаракати волонтёрон аҳамияти хоса медиҳанд.
Донишҷӯёни рус аз Тоҷикистон чӣ таассурот доранд ва рӯзҳои кории онҳо чӣ гуна мегузарад, аз навори омодакардаи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бубинед.