Русия ва Созмони ҷаҳонии озуқа ба мактабҳои Тоҷикистон ғизо медиҳанд

Дар чаҳорчӯби иҷрои Барномаи ғизои мактабҳои Созмони ҷаҳонии озуқаи СММ ба мактабҳои Тоҷикистон як бахши дигари ғизо тақдим шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Татбиқи Барномаи ғизои мактабии Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ дар Тоҷикистон идома дорад.
Сафорати Русия дар ин кишвар хабар медиҳад, ки дар доираи татбиқи Барномаи ғизои мактабҳои Созмони ҷаҳонии озуқаи СММ, ки аз соли 2013 донори асосии он Русия мебошад, ба мактабҳои ҷумҳурӣ барои эҳтиёҷоти хонандагон бахши дигари ғизо тақдим карда шуд.
Ҳамин тариқ, кордори Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская ҳамроҳ бо кормандони сафорат маҳсулоти воридшударо тафтиш карданд.
Русия ба мактабҳои вилояти Суғд ду ҳазор китоби дарсӣ тақдим кард
Гуфта мешавад, ки барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин тарҳи Созмони ҷаҳонии ғизо дар Тоҷикистон аст.
Ба шарофати он қариб 450 ҳазор нафар хонандагони синфхои 1—4 аз 2 ҳазор мактаби 53 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мунтазам бо хуроки гарми серғизо мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар чаҳорчӯби ин тарҳ Русия ба муассисаҳои таълимии вилояти Суғд 1200 тонна маводи ғизоӣ эҳдо кард, ки аз он миқдори зиёди орди форитатсияшуда иборат буд.
Сипас Сафорати Русия дар бораи нақшаҳои таъмиру бунёди ошхонаҳои мактабӣ, нонвойхонаҳо ва гармхонаҳо ва хариди таҷҳизот сӯҳбат кард.