ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Мубодилоти тиҷорати хориҷии Русия ва Тоҷикистон аз моҳи январ то сентябри соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4% афзоиш ёфтааст.
Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва гардиши мол миёни ду кишвар рӯ ба афзоиш дорад, гуфтааст, сафири Русия дар ҷумҳурӣ Семён Григорев дар суҳбат бо "Ховар".
"Нишондиҳандаҳои он дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 ҳудуди 1,4 миллиард долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4% зиёд аст",- мегӯяд дипломат.
Ба гуфтаи Григорев, дар ҷумҳурӣ талабот ба маҳсулоти нафтӣ, чӯбу тахта, маҳсулоти химия ва металлҳои Русия чун анъана зиёд аст.
"Молҳои истеъмолии Русия дар бозори Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунанд", - шарҳ дод сафир ва афзуд, ки соли равон интиқоли маводи ғизоӣ, ашёи хоми кишоварзӣ ва коғаз ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
"Мо ҳам яке аз сармоягузорони асосӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонем, ки ҳаҷми умумии сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 1,6 млрд долларро ташкил медиҳад", - қайд кард дипломат.
Сафир аз самтҳои ояндадори ҳамкориҳои сармоягузорӣ соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, кишоварзӣ, коммуникатсия, саноати сабук ва хизматрасонии молиявиро номбар кард.
Дар баробари ин Григорев дар бораи иштироки Русия дар рушди энергетикаи ҷумҳурӣ сухан ронд.
"Нерӯгоҳии обии Русияву Тоҷикистон "Сангтуда 1" бомуваффақият кор мекунад <…> Таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонии Русия барои таҷдид ва сохтмони иншооти пешбари гидроэнергетикии Тоҷикистон ба таври васеъ истифода мешаванд", - гуфт ӯ.
Сафир ҳамчунин афзуд, ки интиқоли таҷҳизоти кишоварзӣ аз истеҳсолкунандагони рус дар ҳоли рушд аст.
Илова бар ин, Григорев таъкид кард, ки имсол ифтитоҳи аввалин дилери расмии "Лада" дар Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ақидаи ӯ, ин “дастрасии мошинҳои босифатро барои истеъмолкунандагони тоҷик ба таври қобили мулоҳиза тавсеа медиҳад”.