ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Охирин бозии мавсими имсолаи футбол дар Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид.
Бозӣ бо прӯзии дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт.
Пас аз пирӯзӣ муқобили дастаи “Равшан” тими “Истиқлол” шумораи имтиёзҳояшро ба 59 адад расонид.
"Истиқлол" дар мусобиқоти имсолаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон пешакӣ ба унвони қаҳрамони кишвар даст ёфта буд.
Дастаи “Истиқлол” дар таърихи худ бори сездаҳум ва маротибаи ёздаҳум пайиҳам соҳиби унвони қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Қаблан ин дастаи шаҳри Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2023 ва 2024 қаҳрамони Тоҷикистон гашта буд.
Дар ҳамин ҳол, дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ки дар ҷадвали мусобиқот бо 43 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифт, барандаи медалҳои нуқра гардид. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки бо 41 имтиёз зинаи сеюмро касб кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран дар ҷаласаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тарҳи нақшаи мусобиқоти соли оянда баррасӣ шуд. Оғози мавсими навбатии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 7-уми марти соли 2025 дар назар аст.
Мисли имсол қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра бо ширкати 12 даста баргузор мешавад. Дастае, ки дар соли 2025 мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меафтад ва дастае, ки дар мусобиқот ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон-2025 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
Ҳамчунин ФФТ санаи бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии кишварро дар соли 2025 муайян кард. Бозӣ 25-уми май, дар Рӯзи ҷаҳонии футбол, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор миёни қаҳрамони феълӣ – "Истиқлол"-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 – "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода баргузор мешавад.