ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Гурӯҳи ДОИШ** эълом кард, ки Халилулраҳмон Ҳаққонӣ, вазири муҳоҷирини ҳукумати толибон, дар пайи ҳамлаи интиҳории як узви ин гуруҳ кушта шудааст.
Ҳаққонӣ чаҳоршанбе дар инфиҷоре дар назди вазорати умури муҳоҷирин ва удваткунандагон Толибон* кушта шуд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон* ахиран бо нашри баёнияе дар шабакаи иҷтимоии Х навишта, ки Халилулраҳмон Ҳаққонӣ дар як ҳамлаи "ноҷавонмардонаи хавориҷ" кушта шудааст.
Дар ин эъломияи Толибон* ишора шудааст, ки Халилулраҳмон Ҳаққонӣ "узви як хониводаи бузурги ҷиҳодӣ буд ва аз тарафи душманони Ислом бар сар ӯ панҷ милюн доллар ҷоизаи таъйин шуда буд; аммо ӯ имрӯз аз тарафи ҳамон хавориҷе кушта шуд, ки худро мусулмон мегуянд ва дигаронро такфир мекунад".
Халилулраҳмон Ҳаққонӣ мутаваллиди соли 1966 дар вилояти Пактиё дар шарқи Афғонистон буд. Ӯ падарамаки Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати дохилаи Толибон* бародари бунёнгузори шабакаи Ҳаққонӣ, Ҷалолиддини Ҳаққонӣ буд.
Ҷалолиддин Ҳаққонӣ аз фармондиҳони аршади муҷоҳидин дар баробари Шуравӣ дар даҳаи 1980 шинохта мешуд.
Аз ибтидои эъломи кабинаи ҳукумати Толибон* пас аз суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон Халилулраҳмон Ҳаққонӣ ба унвони вазири умури муҳоҷирин ва удваткунандагон таъйин шуд, ки то замони кушта шуданаш дар ин вазифа боқии монда буд.
*-гӯруҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
**-созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон