ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Амороти Муттаҳидаи Араб ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот ба имзо расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки танзимгар.
Ба иттилои манбаъ, ахиран дар Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва раиси Бонки марказии ин мамлакат Холид Муҳаммад Балама баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами низоми бонкиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин тарафҳои барои рушду тавсеаи ҳамкории байнибонкӣ дар самти назорати бонкӣ, низомҳои пардохтӣ, муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, асъори рақамӣ ва дар маҷмуъ рақамикунонии низоми бонкӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо барои баргузор намудани чорабиниҳои омӯзишӣ бо мақсади табодули таҷриба доир ба масъалаҳои гуфташуда ба мувофиқа расиданд.
Дар ин замина ҷонибҳо ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Таъкид карда шудааст, ки ин санад метавонад ба тақвияти ҳамкории низоми бонкии мамлакатҳо, табодули таҷрибаю дониш ва оғози самтҳои нави ҳамкорӣ мусоидат намояд.