ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Рӯзҳои 12-13 декабр дар Маскав нишастҳои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешаванд.
Дар он нахуствазири Русия Михаил Мишустин ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати Русия.
Ҷаласаи сарвазирони ИДМ таҳти раёсати Русия баргузор мешавад ва намояндаи Тоҷикистон низ ба Маскав меояд.
Дар ҷаласа, ки рӯзҳои 12-13 декабр баргузор мешавад, масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар кишварҳои муштаракулманофеъ баррасӣ мешавад.
Худи ҳамон рӯзҳо дар пойтахти Русия нишасти сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) баргузор мешавад.
"Дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё масъалаҳои амиқсозии минбаъдаи ҳамгироии иқтисодии Авруосиё ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, саноат ва рушди тиҷорати электронӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад", - изҳор дошт ҳукумати Русия.
Ҳоло ба ИИАО Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон тиҷорати хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ-ро афзоиш додааст.
Ҳамин тариқ, дар моҳҳои январ-октябри соли 2024 ҳаҷми тиҷорати мутақобила нисбат ба ҳамин давраи соли гузашти 19,5% ё 557,1 млн доллар афзоиш ёфтааст.