Ҷаъфаров вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистонро ором арзёбӣ кард

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, бо дарназардошти шароити обу ҳаво шумораи бемориҳои роҳи нафас ва шамолхӯрӣ чун маъмул афзоиш хоҳад ёфт.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Табибони тоҷик вазъи эпидемиологиро дар ҷумҳурӣ ором арзёбӣ карданд.
Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон хуб буда, он комилан таҳти назорати табибон аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати тандурустӣ, хуруҷи зуком ва дигар бемориҳои вирусии мавсимӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар робита ба ин ӯ аз сокинони даъват кард, ки новобаста аз вазъ дар фасли сармо аз эҳтиёт кор бигиранд.
"Лабораторияи вирусологии вазорат назорати вазъро идома медиҳад ва то ҳол ягон навъи зуком ба қайд гирифта нашудааст", - гуфт ӯ.
Дар Тоҷикистон хуруҷи зуком ва бемориҳои шадиди роҳи нафас мушоҳида мешавад
Ба гуфтаи Ҷаъфаров, бо дарназардошти шароити обу ҳаво шумораи бемориҳои узвҳои нафаскашӣ, шамолхӯрӣ ва аллергия ба таври маъмулӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Соли гузашта пизишкон аз моҳи ноябр ба сабти хуруҷи зуком ва дигар бемориҳои шадиди роҳи нафас дар Тоҷикистон шурӯъ карданд.
Сабабҳои асосии паҳншавии ин бемориҳо аз як тараф гардиши табиии ин навъи вирус дар табиат ва аз тарафи дигар риоя накардани гигиенаи шахсии аҳолӣ мебошад.
Вазъият танҳо дар моҳи январ ба далели таътили зимистона доштани мактаббачагон ва кам шудани роҳҳои гузариши зукоми мавсимӣ муътадил шуд.