Сарони порлумонҳои кишварҳои СПАД дар Маскав гирд омаданд: чиро баррасӣ мекунанд?

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамроҳ бо сарони порлумонҳои кишварҳои узви СПАД аллакай ба пояи муҷассамаи Сарбози ғолиб дар Маскав гул гузоштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар Маскав имрӯз ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мешавад.
Сомонаи Думаи давлатӣ хабар дода буд, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муҳаммадтоир Зокирзода ва ҳамтоёнаш аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон вориди пойтахти Русия шудаанд.
Гуфта мешавад, ки вакилони порлумон масъалаҳои ҳамоҳангсозии қонунгузории кишварҳои узви СПАД дар соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ ва муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ дар соҳаи масъулияти ин созмонро баррасӣ хоҳанд кард.
Лавров аз эҳёи миллатгароӣ дар як қатор кишварҳои ғарбӣ гуфт
Ҳамчунин тарҳи Муроҷиатномаи ПА СПАД ба вакилони порлумони ҷаҳон дар робита ба 80-умин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назар аст.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамроҳ бо сарони порлумонҳои кишварҳои узви СПАД аллакай ба пояи муҷассамаи Сарбози ғолиб дар Маскав гул гузоштанд.
"Раиси Думаи давлатӣ ҳамроҳ бо ҳамкасбони худ хотираи сарбозони шӯравиро, ки корнамоии ҷовидониашон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рамзи матонат гардида, дар Толори фахрии Осорхона абадӣ гардонида шудааст, бо як дақиқа сукут гиромӣ доштанд",- афзудааст манбаъ.
Намояндагони порлумони кишварҳои узви СПАД пасон ба намоишгоҳҳои Осорхонаи Ғалаба дар теппаи Поклонная шинос шуданд.
Ноиби раиси Думаи давлатӣ Виктория Абрамченко қайд кард, ки ба кӯшишҳои дубора навиштани таърих ҳам дар сатҳи порлумонҳои кишварҳои ин созмон ва ҳам дар сатҳи тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муқовимат кардан лозим аст.
Ба гуфтаи вай ҳамзамон аз ҳар гуна таърифи ҳаракати фашистӣ бояд пешгирӣ шавад.