Тоскулоҳи бузурги Токио барои ҷудокорони тоҷик бо як биринҷӣ анҷомид

Нишондоди Тоҷикистон назар ба соли қаблӣ дар Тоскулоҳи бузурги Токио, ки намояндаи бештар дошту бе медал монда буд беҳтар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Мунтахаби ҷудои Тоҷикстон Tokyo Grand Slam 2024-ро бо як медал ба поён расонид.
Ҷумҳуҳриро тайи ду рӯзи мусобиқа чаҳор варзишкор Обид Ҷебов, Абубакр Шеров, Умедҷон Раҷабов ва Виктория Киселёва намояндагӣ карданд.
Дар рӯзи якуми мусобиқаи Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило нахуст ҳарифаш аз Италия пасон варзишкори бразилиро шикаст дода, ба марҳилаи нимниҳоӣ баромад. Аммо мавсуф бо мағлубият аз Таикоҳ Фуҷисакаи ҷопонӣ шонси баромадан ба финалро аз даст дод.
Ҳамчунин Ҷебов барои медали биринҷӣ боз бо ҷопонии дигар Ҳината Оноро вориди сабқат шуду ӯро шикаст дод ва мақоми сеюмро ба даст овард.
Барои Ҷебов ин сеюмин нишони биринҷӣ дар мусобиқаҳои Гранд Слам ва ягона миёни варзишкорони кишвар дар ин мусобиқа буд.
Дар Душанбе нахустин чемпионати ҷаҳон дар риштаи ҷудо байни ҷавонон чӣ гуна гузашт? -видео
Абубакр Шеров зери вазни то 73 кг дар даври аввал Иоан Житаки руминиягӣ ва дар даври дуюм Мусо Шабданбекови қирғизро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Ҳарифи Шеров дар марҳисаи чаҳоякниҳоӣ намояндаи Ҷопон Соичи Ҳашимотои 33 сола, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ, тиллои қаҳрамонии ҷаҳон, чаҳор нишони тиллои мусобиқаҳои "Мастерс" ва 6 тиллои мусобиқаҳои Гранд Слам гардид. Аммо ин ҳама дастовард дар муқобили ҷудокори тоҷик корсоз нашқд ва ҷопонии номдор шикаст хӯрд
Шеров боз дар даври нимниҳоӣ бо ҷопонӣ Татсуки Ишиҳара вориди сабқат шуд, аммо бохт. Варзишкори тоҷик барои нишони биринҷӣ бо намояндаи Русия Данил Лаврентев рақобат кард, аммо шикаст хӯрд ва мақоми панҷумро касб кард.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа Умедҷон Раҷабов ва Виктория Киселёва вориди сабқат шуданд, аммо аз худ дарак дода натавонистанд.
Раҷабов зери вазни то 90 кг дар даври аввал аз намояндаи кишвари мизбон Ҳидетоши Токумочи.
Киселёва бошад, дар вазни +78 кг дар даври аввал аз Хинран Нюи чинӣ мағлуб шуд.