Ҳушдори КҲФ аз сарди ва боришоти барфу борон дар рӯзҳои истироҳат

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар додааст, ки 7-8 декабр дар ҷумҳурӣ бориши борон ва барф дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Кумита дар робита ба тағйирёбии обу ҳаво сокинонро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо бо мақсади ҳифзи бехатарии худ дар роҳҳои кӯҳӣ ҳаракатро маҳдуд кунанд.
“Аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар ноҳияҳои кӯҳӣ худдорӣ намоенд”, - таъкид кардааст КҲФ.
Ҳамчунин КҲФ қайд кардааст, ки ҳавои номусоид метавонад боиси зарар дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон ва вайрон шудани боми хонаҳо гардад.
“Аз ин рӯ, сокинон ҳангоми дар берун будан бояд қоидаҳои бехатариро ба таври ҷиддӣ риоя намоянд. Дар ин рӯзҳо эҳтимоли зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи вайрон шудани пулҳо, обхезӣ ва ҳодисаҳои дигар зиёд аст”, - зикр кардааст манбаъ.
Кумита ба ронандагон тавсия додааст, ки ронандагон пеш аз баромадан ба сафари дур аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ омода бошанд, аввал ба маълумоти обуҳавошиносон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои масъул диққат диҳанд.
Ифтитоҳи Маркази таълимии КҲФ барои омодасозии наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон - видео
“Қабл аз сафар мошинҳои худро санҷед ва чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намоянд. Дар роҳҳо набояд суръати ҳаракатро боло бурд, зеро аксар садамаҳое, ки рух медиҳанд, маҳз бо сабаби риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ба амал меоянд”, - таъкид кардааст КҲФ.
Ҳамзамон кумита ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ менамоянд, тавсия додааст, ки ҳангоми гарм намудани манзилҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намуда, дар истифодаи қувваи барқ эҳтиёткор бошанд.
Истифодаи якбораи чанд таҷҳизоти гармидиҳанда метавонад боиси сар задани сӯхтор гардад.
Кумита бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои махсусан осебпазири шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Майхӯра, ноҳияи Варзоб, шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ ва Душанбе-Ванҷ қисмҳои навбатдории сайёри шабонарӯзӣ таъсис додааст.