ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Иттилоъ дар расонаҳо дар бораи тахлияи сафорати Эрон дар Димишқ дар пасманзари фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ба воқеият мувофиқат намекунад.
Дар ин бора намояндаи вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Боқирӣ гуфтааст, менависад, хабаргузории Mehr.
Қаблан рӯзномаи амрикоии "Ню Йорк Таймс" бо такя ба манобеъи худ иддаъо карда буд, ки Эрон гӯё ба тахлияи низомиён, кормандони намояндагии дипломатӣ ва хонаводаҳои онҳо ва ҳамчунин мардуми осоишта аз Сурия шурӯъ кардааст.
Зимнан зикр гардид, ки тахлия қисман дар парвозҳо ба Теҳрон ва ҳамчунин дар хатсайрҳои заминӣ ба Лубнон, Ироқ ва бандари Латакияи Сурия сурат мегирад.
"Паём дар бораи тахлияи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ дуруст нест, сафорат... мисли пештара фаъолияташро идома медиҳад", — хабар додааст Боқирӣ.
Гурӯҳи террористии "Ҳаёт Таҳрир аш-Шам"* (собиқ Ҷабҳат-ан-Нусра*) якҷо бо як қатор сохторҳои мусаллаҳ, ки бахше аз мухолифони ба истилоҳ мусаллаҳи Сурия мебошанд, рӯзи 29 ноябр амалиёти густардаеро аз шимоли Идлиб ба сӯи шаҳрҳои Ҳалаб ва Ҳамо оғоз карданд.
Пас аз як рӯз, 30 ноябр дуввумин шаҳри бузурги Сурия ва атрофи он, аз ҷумла фурудгоҳи байнулмилалӣ ва фурудгоҳи низомии Кувайрис таҳти назорати террористҳо қарор гирифт.
Ишғоли пурраи Ҳалаб аз сӯи ҷангҷӯён бори аввал аз оғози бӯҳрон дар Сурия дар соли 2011 рух дод. То охири соли 2016 мухолифони мусаллаҳ танҳо қисмати шарқии шаҳрро таҳти назорат доштанд ва аз онҷо тавассути артиши Сурия бо пуштибонии Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия берун карда шуданд.
Пас аз тасарруфи Ҳалаб гурӯҳҳои террористӣ талош карданд, то ба сӯи шаҳри Ҳамо пеш раванд ва деҳаи Маарет Нууманро ишғол кунанд. Артиши Сурия чанд рӯз аст, ки ҳамлаҳои густурдаи террористиро дар вилояти Ҳамо аз се самти мухталиф дафъ карда, омодагӣ ба ҳамлаи ҷавобиро эълом кардааст.
Бо ин ҳол, рӯзи 5 декабр фармондеҳи артиши Сурия расман аз кӯчонидани воҳидҳои худ берун аз шаҳри Ҳамо хабар дод.
Шаҳри Ҳамо, воқеъ дар маркази Сурия, дар тӯли даргириҳои Сурия, ки дар баҳори соли 2011 оғоз шуда буд, таҳти назорати артиши Сурия буд. Ҳамо аҳамияти стратегии ҷуғрофӣ дорад, ки дар байни вилоятҳои Ҳумс ва Димишқ ҷойгир аст ва инчунин ба вилояти Латакия тавассути қаторкӯҳҳо мепайвандад.
* Ташкилоти террористӣ дар Тоҷикистону Русия мамнӯъ аст