ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Масъули бахши матбуоти ширкати “Барқи тоҷик” Нозир Ёдгорӣ, дар нашрияи "Ҷумҳурият" сару садоҳо дар бораи имзои тамдиди шартнома байни ширкати "Барқи тоҷик" ва ширкати "Брешно" барои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2025-ро, ки қаблан имзо шуда буд, шарҳ дод.
Ба гуфтаи вай, ин шартнома байни ширкати "Барқи тоҷик" ва ширкати "Брешно" аз соли 2008 инҷониб амал менамояд.
Вай қайд кардааст, ки охири ҳар сол намояндагони ин ду ширкат вобаста ба вазъияти истеҳсоли барқ ва шароити техникии интиқоли он, шартҳои асосии онро нав мекунанд.
Масъули бахши матбуоти ширкати “Барқи тоҷик” бори дигар таъкид кардааст, ки Ширкат ба кишвари ҳамсоя интиқол додани барқ Тоҷикистон манфиати иқтисодӣ дорад.
Вай афзудааст, ки ширкати "Брешно", қатъи назар аз режими давлатдории Афғонистон, ҳаққи барқи гирифтаашро пурра пардохт менамояд.
Нозир Ёдгорӣ қайд намудааст, ки шартнома байни ҶСК "Барқи тоҷик" ва ширкати "Брешно" барои ҳар сол аз моҳи май то сентябр амал менамояд.
“Яъне, дар даврае, ки бо сабаби норасоии неруи барқ мо таъминоти онро барои аҳолии кишварамон маҳдуд менамоем, ба ширкати "Брешно" низ, барқ дода намешавад. 30-40 мВт барқе, ки дар давраи серобӣ интиқол мегардад, барои нигоҳ доштани тавозуни энергетикӣ ва ҳифзи хатҳои интиқоли барқу дастгоҳҳои энергетикист”, - гуфт ӯ.
Масъули бахши матбуоти ширкати “Барқи тоҷик” ёдрас шудааст, ки Афғонистон, инчунин, аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Эрон низ барқ мегирад.
“Барқе, ки Афғонистон аз ин ду кишвар мехарад, дар муқоиса ба барқе, ки аз Тоҷикистон мегирад, бамаротиб зиёд аст”, - таъкид кардааст Нозир Ёдгорӣ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ин ширкат гуфта буд, ки дар фасли зимистон “барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқол ва таҷҳизот, дар ҳаҷми начандон зиёд нерӯи барқ ба Афғонистон интиқол дода мешавад”.
Сухан дар бораи шартномае меравад, ки миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи интиқоли барқ соли 2008 имзо шудааст ва то соли 2028 амал мекунад.
Ҳар сол ҷонибҳо барои соли минбаъда протоколи иловагӣ имзо мекунанд, ки дар он ҳаҷми интиқоли барқ ва нархи он муайян карда мешавад.
Ин протоколро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати “Барқи тоҷик” ва аз ҷониби Афғонистон ширкати “Брешно” ба имзо мерасад. Бори ахир чунин як санад ҳамин моҳ барои соли 2025 дар Туркия ба имзо расид.
Бояд гуфт, ки ҷузъиёти созишнома дастрас нест. Маълум нест, ки Тоҷикистон дар соли 2025 ба кишвари ҳамсояаш чӣ қадар барқ хоҳад фурӯхт ва ба чӣ нарх.
Ёдовар мешавем, ки содироти нерӯи барқ ба ширкати "Брешно" (Афғонистон) тавассути ду хатти барқии 220 квт ва як хати барқии 110 квт амалӣ гардида истодааст.
Бояд гуфт, ки дар соли 2022 ҷониби Афғонистон барои ҳар кВт/соат 4,67 сент пардохт кардааст.
Истеъмолкунандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон Афғонистон ва пасон Ӯзбекистон аст.
Қаблан як намояндаи ширкати "Брешно" ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки вилояти Қундуз ба пуррагӣ ва вилоятҳои Тахор, Бағлон, Самангон ва дар ҳолатҳои хос шаҳри Кобул қисман аз барқи Тоҷикистон истифода мекунанд.