ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва равобит бо ҳамватанон ба Палатаи порлумон тавсия додааст, ки созишнома бо ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот ва истифодаи фазои кайҳон ба ҳадафҳои осоишта ба тасвиб расонад.
"Кумита ба Думаи давлатӣ тавсия медиҳад, ки созишномаи байни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон ба мақсадҳои осоишта ба тасвиб расонад", -омадааст дар хулосаи кумитаи Дума.
Ёдовар мешавем, ки созишнома моҳи июни соли 2023 дар Маскав имзо шуда буд ва моҳи ноябри соли 2024 аз ҷониби ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод гардидааст.
Ҳуҷҷат тамоми принсипҳо ва меъёрҳои амалии заруриро барои рушди ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи иктишоф ва истифодаи фазо ва истифодаи амалии системаҳо ва технологияҳои кайҳонӣ ба мақсадҳои осоишта пешбинӣ менамояд.
Тавре дар ҳуҷҷати мазку навишта шудааст, самти асосии ҳамкорӣ ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои кайҳонии Русия барои ҳалли масъалаҳои кунунии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии объектҳо ва захираҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодии Тоҷикистон мебошад.