ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Мақомотҳои Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузории марзи давлатиро пурра ба анҷом расонданд.
Рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид, иттилоъ додааст КДАМ Тоҷикистон.
Зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мувофиқа расида, тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро пурра ба анҷом расониданд.
Ҳамзамон ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супориш дода шуд, ки ба раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии делимитатсия шуруъ намоянд.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон раиси дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Музафар Юнусов хабар дод муайянкунии боқимондаи сарҳади давлатӣ имрӯз пурра ба анҷом расид, ба гурӯҳҳои корӣ дастур доданд, ки ба таҳияи асноди ниҳоии делимитатсияи марз шурӯъ кунанд.
Тавре раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар суҳбат бо хабарнигорон қайд ҷонибҳо дар ин дидор дар бораи масъалаи аломатгузори марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон музокироти муфассал сурат гирифт.
“Бо итминони комил гуфта метавонам, ки масъалаи аломатгузории марзи давлатӣ байни ду давлат тақрибан ҳал шуд. Ба роҳбарони комиссияи оид ба масоили сиёсию ҳуқуқӣ супоришҳои дахлдор дода шуд, ки ин масъаларо то охир кор карда ба анҷом расонанд”, - гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, ки баъд аз расмиятҳои ҳуқуқӣ мақомоти ду кишвар кишвар зери созишнома дар бораи марзҳои давлатӣ имзо хоҳанд гузошт.
Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, қаблан садҳо километри хати марз муайян ё аломатгузорӣ нашуда буд.
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омад, ҷонибҳо наметавонанд дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд. Ҳудуди муайяннашуда ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, ба он сарҳадбонони ду кишвар ҷалб мешаванд.
Охирин муноқишаи бузург 16 сентябри соли 2022 рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд ва ба инфрасохтори манотиқи марзии вилоятҳои Суғду Бодканд хисороти зиёди моддӣ расонида шуд.
Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров борҳо масъалаи муаянкунӣ ва аломатгузории марзро баррасӣ карданд.
Вазъ дар манотиқи баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор додааст.
Тайи чанд соли охир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохуриҳо бо навбат дар қаламрави ҳар ду ҷумхурӣ баргузор мегарданд.
Чанде пеш мақомоти ду кишвар эълон карда буд, ки беш аз 90% ё қариб 875 километри хатти сарҳадӣ аз ҷониби давлатҳо муайян ва эътироф шудааст. Тарафҳо таъкид карда буданд, ки корҳоро дар ин самт дар ояндаи наздик пурра ба анҷом хоҳад расид.