ИИАО режми нави муҳоҷиратро дар Русия баррасӣ дорад

Дар ҷаласае масоили раванди муҳоҷиррат, рафъи монеаҳо дар ҳаракати озоди нерӯи корӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои муҳоҷирон дар ИИАО баррасӣ шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар Русия барои шаҳрвандони кишварҳои ИИАО, ки дар қаламрави ин кишвар кор мекунанд низоми махсуси андозбандиро озмоиш доранд
Масъалаҳое, ки пас аз оғози озмоиш ба миён омадаанд, дар ҷаласаи Кумитаи сиёсати муҳоҷират таҳти раёсати вазири иқтисоди Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бахит Султонов баррасӣ шуданд.
Бо мақсади ҳимояи шаҳрвандони Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ки дар озмоиш иштирок мекунанд, мо тасмим гирифтем, ки имкони дохил кардани онҳоро ба системаҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва нафақа, ки барои русҳо пешбинӣ шудаанд, баррасӣ кунем.
Илова бар ин, дар ҷаласа кори фосилавӣ баррасӣ шуд - ин шакли шуғл дар ИИАО танзим нашудааст.
Пизишкиён гуфт, ИИАО барои Эрон бозор мекушояд
“Зарурати нав кардани қонунӣ ИИАО дар шароити ба вуҷуд омадани шаклҳои нави меҳнат вазифаи муҳимест, ки муносибати ҳамаҷонибаро талаб мекунад”, — илова намуд Султонов.
Дар ҷаласи Кумита сиёсати муҳоҷират масъалаҳои афзоиши ҳаракати коргарон, рафи монеаҳо дар роҳи ҳаракати озоди нерӯи корӣ ва фарохам овардани шароити беҳтар барои муҳоҷирон дар қаламрави ИИАО барраси шуд.