ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Чин ва Тоҷикистон дар минтақа алайҳи терроризм ва ифротгароӣ якҷоя мубориза хоҳанд бурд.
Дар ин бора вазири хориыаи Чин Ван И хабар додааст.
"Мо якҷоя бо "се нерӯ" (терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм) мубориза мебарем, аз паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ пешгирӣ мекунем ва якҷоя дар минтақа монеаи мустаҳками амниятӣ эҷод хоҳем кард", - гуфт вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар ҷаласаи бисёрҷониба бо вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар шаҳри Ченгду.
Вазири хориҷаи Чин ба зарурати амиқтар кардани равобити Чину Тоҷикистон дар заминаи инфрасохтор ва иртиботот ишора карда, ба аҳамияти “истифодаи зарфиятҳои ҳамлу нақли фаромарзӣ ва таҳқиқи имконоти густариши ҳамкориҳои сеҷониба” таъкид кард.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки Чин ва Тоҷикистон бояд ҳамкориҳоро дар бахшҳои омӯзишӣ, гардишгарӣ ва равобити байнишахсӣ тақвият диҳанд.
Ван И ҳамчунин аз аҳамияти афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар ёдовар шуд.
Ба гуфтаи ӯ, Чин омода аст аз Тоҷикистон бештар маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ ворид кунад.
Дипломати чинӣ афзуд, ки дар баробари ин зарур аст, ки ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва қувваҳои нави истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ мусоидат намояд.
Тавре Ванг И гуфт, Пекин аз талошҳои Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо пуштибонӣ мекунад.
"Мо шод хоҳем шуд, агар ҷониби Тоҷикистон дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ нақши бештаре дошта бошад", - хулоса кард вай.