ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати кишварро баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 гузориши вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода шунида шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки вазифаҳои асосии барномаи мазкур, ки дар асоси талаботи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардидааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мақомдорон барои иҷрои саривақтӣ ва пурсамари барнома ва ба ин восита афзун намудани маҳсули соҳаи кишоварзӣ ва ҳиссаи он дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас додаст.
Ҳамчунин дар маҷлис лоиҳаи қонунҳои Тоҷикистон "Дар бораи захираи моддии давлатӣ" ва "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Тоҷикистон" муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Тоҷикистон барои аз байн бурдани баҳсҳо миёни андозсупорандагон ва мақомоти андоз, духурагиҳо ва боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ пешниҳод мешавад.
Инчунин дар маҷлиси ҳукумат Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 баррасӣ ва қабул карда шуд.
Дар ин маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои суръат бахшидан ба кишти тирамоҳӣ, ҷамъбасти босифати натиҷаҳои сол, омода намудани заминаҳои мусоид барои Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Конфронси оби СММ дар Тоҷикистон ва тадбирандешӣ барои истиқболи сазовор аз Наврӯзи ҷаҳонии оянда ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дастуру тавсияҳо додааст.