ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Файзигул Юсуфӣ, сарояндаи саршиноси тоҷик дар синни 50-солагӣ даргузашт.
Наздикони сароянда Файзигул Юсуфӣ ба pressa.tj хабар доданд, ки овозхони шинохта барои ҷарроҳӣ ба Ҳиндустон рафта буд.
“Субҳ ҳолаташ бад мешавад ва дар бемористон аз олам мегузарад”-гуфтанд наздиконаш.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксар ҳамкорон ва ҳунармандони тоҷик дар робита бо даргузашти ногаҳонии Файзигул Юсуфӣ изҳори таслият кардаанд.
Файзигул Юсуфӣ (Юсупова) 31 майи соли 1974 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Оғози солҳои 90-ум ба майдони ҳунар омад ва зуд шӯҳрат ёфт. Ӯ бо иҷрои сурудҳои мардумӣ ва эстрадӣ маъруф шуд. Файзигул солиёни зиёд дар ансамблҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолияти эҷодӣ дошт.
Файзигул Юсуфӣ (Юсупова) яке аз чеҳраҳои дурахшони эстрадаи тоҷик буд. Ӯ беш аз 30 сол аст, ки рӯйи саҳна ҳунарнамоӣ мекард ва давоми ин солҳо ҳамеша дар радаи маъруфтарин сарояндагони кишвар қарор дошт.