Тоқаев: Остона ва Маскав дар доираи ИИАО самаранок кор доранд

Аз аҳдномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 10 сол пур шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тоқаев дар мақолаи худ дар остонаи сафари Владимир Путин ба Остона навиштааст, Остона ва Маскав дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё самаранок кор мекунанд.
Президенти Қазоқистон таъкид кардааст, ки имрӯз ИИАО ба як механизми муҳими ҳамгироӣ дар фазои АвруОсиё табдил ёфта, эътибори байналмилалӣ пайдо кардааст.
Созишномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё имсол 10-сола шуд. Дар тӯли солҳо ИИАО самаранокии худро собит карда, ба яке аз муҳимтарин платформаҳо табдил ёфт, ки дар он раванди ҳамгироии сиёсати иқтисодии кишварҳои узв ва рушди тиҷорати мутақобила амалӣ мешавад, қайд кард роҳбари Қазоқистон.
"Ҳамчун ташаббускорон ва муассисони ин Иттиҳодия, Қазоқистон ва Русия аз ибтидо кӯшиш мекарданд, ки ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ монанд”, - навиштааст Тоқаев.
Санаи ҷаласаи солонаи ИИАО маълум шуд
Ахиран дар Остона оқои Тоқаев бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин нақши Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ кард.
Дар як чорабинии бузург дар Остона раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи АвруОсиё як қатор созишномаҳоро имзо карданд, ки ба мардуми ду кишвар фоидаи иқтисодӣ ва нафъи калон меоранд.