ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ мулоқот кард.
Ҳайати Тоҷикистон дар ин мулоқот пешниҳод намуд, ки ҳамкории минбаъда барои бокортаъминкунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар асоси муқаррароти ин созишномаи имзошуда ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин вазири меҳнат, Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора бо вазири навтаъини маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар хонум Лолвах бинт Рашид бин Мухаммед Ал Хатер мулоқот кард.
Зимни мулоқот паҳлуҳои масъала вобаста ба дархости лоиҳавии пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар хусуси таъсиси Марказҳои омӯзиши забонҳои арабию англисӣ барои муҳоҷирон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот ташаббуси мазкур дар бораи касбомӯзии шаҳрвандон, аз ҷониби хонум Лолвах бинт Рашид бин Мухаммед Ал Хатер дар маҷмуъ дастгирӣ ёфт.
Инчунин, мулоқоти алоҳидаи ҳайати Тоҷикистон бо роҳбари ширкати "Qatar Manpower Solutions Со” (Ҷусур) Абдулҳоди Бахит Барқан (сохтори масъули бахши муҳоҷирати Давлати Қатар) ва роҳбарони ширкатҳои қатарии “Power international” ва "Building for generation”, ки дорои иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ мебошанд, доир гардид.
Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тартиби бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шарту шароит ва будубоши довталабон, пешниҳоди дархостҳои расмӣ ва ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби корфармоён, инчунин платформаи нави электронии ширкати Ҷусур (www.tawzeef.qa), ки барои корҷӯён роҳандозӣ шудааст, мавриди муҳокима қарор доданд.
Қайд карда шудааст, ки дар фарҷом ҷонибҳо тақвияти ҳамкориро дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ зурур ҳисобида, роҳандозии ҳамкории минбаъдаро тариқи платформаи болозикр бо нишон додани музди маош бо тарҳи андоз, соати муайяни корӣ, изофакорӣ, рӯзҳои истироҳатӣ, мутамарказ намудани ҳолномаи корҷӯён дар МД "Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа" ва ҷалб намудани дигар субъектони хоҷагидоре, ки иҷозатнома барои интиқоли қувваи корӣ доранд, ба мақсад мувофиқ ҳисобиданд.