Мулоқоти сарироҳии Раҳмону Путин дар Остона

Мулоқот миёни ду раҳбар, дар ҷараёни аксгирии муштараки раҳбарон ИДМ дар ҳошияи нишасти Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД дар Остона сурат гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар ҳошияи нишасти Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД дар Остона бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мулоқоти сарироҳӣ анҷом дод.
Мулоқот миёни ду раҳбар дар ҷараёни аксбардории муштараки раҳбарони кишварҳои СПАД сурат гирифт.
Тафсилоти сӯҳбат мушаххас нест.
Дар Остона нишасти навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД ҷараён дорад.
Дар ин ҳамоиш ҳамаи раҳбарони ин созмон ширкат доранд, ба ҷуз сарвазири Арманистон, ки ширкати худро дар ин иттиҳодия мутаваққиф кардааст.
Раҳмон вориди Остона шуд
Дар ҳамин ҳол, Ереван эълон кардааст, ки мухолифи тасвиби асноди мувофиқашуда дар ин нишаст нест.
Интизор меравад, ки роҳбарони кишварҳои ИДМ вазифаҳои ташаккули пояи нави амниятӣ дар АвруОсиёро баррасӣ намуда, 14 санад, аз ҷумла эъломияи ниҳоӣ ва изҳороти муштарак ба ифтихори 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро имзо хоҳанд кард.