Содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ имконпазир шуд

Дар Риёз байни байни вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ санади ҳамкории нав ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тоҷикистону Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расониданд, иттилоъ додааст вазорати кишоварзии кишвар.
Санади мазкур дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, ки дар шаҳри Ар-Риёз аз 25 то 27 ноябр баргузор гардид, ба имзо расидааст.
Зери санади нав вазири кишоварзии Тоҷикистон ва вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ имзо гузоштанд.
Ба иттилои манбаъ, мақсади Ёддошти ҳамкорӣ амалисозии ҳамкории дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ дар заминаи эътимод, баробарӣ, нафъи мутақобил ва мусоидат ба рушди робитаҳо байни субъектҳои иқтисодии ду давлат мебошад.
Тоҷикистону Арабистони Саудӣ барои рушди ҳамкорӣ Шӯрои корӣ таъсис доданд
Қайд карда шудааст, ки санад ҳамкории ҷонибҳоро дар соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ, гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотии муштарак, муҳофизати растаниҳо аз касалию ҳашароти зараррасон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, парвариш ва мубодилаи тухмиҳои афзалиятноки зироати кишоварзӣ, омӯзиши мушкилоти соҳаи кишовaрзӣ ва ҳалли онҳо ба танзим медарорад.