ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Пас аз анҷоми даври навбатии машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Олмон ва Тоҷикистон масъули Вазорати корҳои хориҷии Олмон Конрад Артс фон Штрауссенбург ба яке аз расонаҳои маъруфи тоҷик мусоҳиба дод, ки дар он аз ҷумла, изҳор дошт, ки "Олмон аз бархӯрд бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия нигарон аст".
Ҳамзамон, ин мақомдори олмонӣ мушаххас накардааст, ки чӣ гуна аз нигоҳи равобити дипломатӣ ва байнидавлатӣ, вазъи муҳоҷират дар Русия, ки дар ин маврид танҳо ба Русия ва Тоҷикистон марбут аст, ҳадди ақалл то андозае ба сиёсати Олмон рабте дошта бошад.
Дар вокуниш ба изҳороти як мақоми олмонӣ, сафири Русия Семён Григорьев тавсия додааст, ки "намояндагони Олмон арзёбии ҷанбаҳои муайяни равобити дуҷонибаи Русияву Тоҷикистонро дар худ нигоҳ доранд"
Ӯ таъкид кард, ки сатҳи равобити шарикӣ миёни Маскав ва Душанбе “ба мо имкон медиҳад, ки дар ҳама гуна масъалаҳо, аз ҷумла мушкилоти печида, ба мисли муҳоҷирати меҳнатӣ, баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онро пайдо кунем”.
"Ин изҳорот дар баробари баҳодиҳии анъанавии ғаразноки амалиёти вижаи низомӣ дар Украина тасдиқ мекунад, ки ҳадафи "Ғарб" дар Тоҷикистон на мусоидат ба рушди устувори ҷумҳурӣ аст, балки қатъи робитаҳои таърихии ҷумҳурӣ бо Русия мебошад. — таъкид кард Семён Григорьев.
Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз "нигарониҳо"-и намояндаи Олмон дар Тоҷикистон, суханони ӯ аз сиёсати воқеии Берлин, нисбат ба хориҷиён, ки рӯз аз рӯз шадидтар мешавад, ба куллӣ фарқ мекунанд.
Ҳамин тариқ, дар охири моҳи октябр садриаъзами Олмон Олаф Шолтс гуфт, ки "ба Олмон шумораи зиёди одамон меоянд" ва барои коҳиш додани муҳоҷират, мақомот ният доранд, ба ихроҷи оммавӣ даст зананд.
"Ман то ҳол як тадбири муҳимро номбар накардаам: дар ниҳоят мо бояд онҳоро ба таври оммавӣ ихроҷ кунем, ки ҳаққи мондан дар Олмонро надоранд", - гуфт Шолтс.
Қаблан, моҳи октябри соли 2023 пулиси Олмон дар ҳафт шаҳр алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, умдатан аз Африқо ва Ховари Миёна рейдҳои густарда анҷом дода, садҳо нафар хориҷиро боздошт кард.