ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуне пешниҳод шудааст, ки муваққатан хориҷ кардани созмонҳо, аз ҷумла созмонҳои байналмилалиро аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар Русия пешбинӣ мекунад.
Лоиҳаи мазкур дар махзани фаъолияти қонунгузории Палатаи парлумони Русия ҷойгир карда шудааст.
Муаллифони лоихаи Конун як гурӯх вакилони Дума ва сенаторҳои Русия мебошанд.
Тибқи лоиҳаи қонун, "манъи фаъолияти созмоне, ки ба феҳристи ягонаи федералии созмонҳо дохил карда шудааст, аз ҷумла созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалие, ки тибқи қонунгузории Русия террористӣ эътироф шудаанд, мумкин аст бо қарори мақомоти дахлдор муваққатан боздошта шавад.
Ин созмонҳо ё гурӯҳҳо танҳо бо қарори додгоҳи Русия дар асоси аризаи Прокурори генералии Русия ё муовини ӯ, агар маълумоти воқеӣ мавҷуд бошад, ки чунин ташкилот пас аз дохил шудан ба рӯйхати мазкур аз фаъолияти худ дар роҳи пешбурд ва дастгирии терроризм даст кашидааст, аз рӯйхат муваққатан хориҷ мешавад.
Рӯзи душанбе сомонаи "Алемара"-и Афғонистон дар бораи музокироти Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти Русия ва Абдулғанӣ Барадар Охунд, муовини нахуствазири Афғонистон хабар дод.
Шойгу, ба навиштаи портал, "аз нияти Русия барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо Афғонистон эълом карда, ба нақшаҳои хориҷ кардани Имороти Исломӣ аз рӯйхати сиёҳи Русия барои таҳкими равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ ишора кардааст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.