ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Роҳбари ФСБ-и Русия Александр Бортников аз ҳамтоёни худ аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки талошҳоро барои ҳифзи манфиатҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва дар оянда, БРИКС бештар намоянд.
"Мехоҳам қайд намоям, ки мо таҷрибаи ғании ҳамкориҳои байниидоравӣ дорем, механизмҳои муқарраршудаи амният дар доираи ИДМ, СПАД ва СҲШ ба мо имкон медиҳанд, ки чолишҳо ва таҳдидҳои навро самаранок муайян ва рафъ кунем", - гуфт ӯ.
Вай дар ҷаласаи сарони ниҳодҳои амниятӣ, идораҳо ва хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ даъват кард, ки талошҳоро барои таъмини ҳифзи манфиатҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва дар оянда БРИКС бештар намоянд.
Ӯ қайд кард, ки вазифаи муҳим — пешгирӣ аз нақшаҳои бесарусомонӣ дар ИДМ аст.
Ба гуфтаи ӯ, афзоиши чолишҳои беруна ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои муштаракулманофеъ зарурати тавсеа ва таҳкими бештари шарикии хадамоти истихбороти миллӣ, аз ҷумла хадамоти кашшофиро тақозо мекунад.
Ба таҳкими ҳамкории мутақобила, гуфт ӯ, татбиқи муштараки барнома дар соҳаи поин овардани тундгароӣ дар фазои Иттиҳод, ки моҳи октябри соли ҷорӣ аз ҷониби раҳбарони кишварҳои ИДМ қабул шуда буд, мусоидат мекунад.
Вай инчунин аз шарикон даъват кард, ки аз имконоти пойгоҳи байналмилалии зиддитеррористӣ, ки аз ҷониби Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия таъсис ёфтааст, фаъолтар истифода баранд.