ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Роҳбари ФСБ-и Русия мегӯяд, ки терроризми байналмилалӣ як воситаи муҳими хадамоти иктишофии хориҷӣ барои бесубот кардани амният дар кишварҳои ИДМ мебошад
Роҳбари ФСБ-и Русия Александр Бортников дар нишасти раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва истихборотии кишварҳои ИДМ изҳор дошт, ки терроризми байналмилалӣ воситаи муҳими хадамотҳои иктишофии хориҷӣ буда барои бесуботии амният дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон равона мекунанд.
Вай ёдовар шуд, ки бузургтарин хатар барои кишварҳои ИДМ тамаркузи созмонҳои байналмилалии террористӣ дар қаламрави Афғонистон ва интиқоли ҷангҷӯён ба манотиқи марзӣ аз Ховари Миёна аст.
Раиси ФСБ ёдовар шуд, ки нақши асосиро байни гурӯҳҳои мухталиф мисли пештара созмони террористии "Давлати исломӣ"*, Вилояти Хуросон* ва Ал-Қоида* (гурӯӯҳои террористӣ мамнӯъ дар Русия) мебозанд.
Вай бори дигар хостори ҳамкорӣ бо мақомоти афғон дар муқобили ин таҳдид шуд.
"Бо дарназардошти тадбирҳои ҷунбиши Толибон** барои мубориза бо ДОИШ*, бовар дорам, ки имкони ҳамкории созанда бо мақомоти Афғонистон ва хадамоти иктишофии Афғонистон дар ин самт, инчунин дар самти мубориза бо қочоқи силоҳ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир имконпазир аст", -гуфт Бортников.
Ҳамчунин оқои Бортников қайд кард, ки Вашингтон ва муттаҳидонаш мехоҳанд дар ИДМ бесарусомонӣ эҷод кунанд ва фазои Иттиҳодро ба як пойгоҳи арзони захиравӣ табдил диҳанд.
*-гурӯҳҳои террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия
**- гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.