ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасир ордени "Дӯстӣ" дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
“Ба хотири саҳми арзандаи роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасир дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба аз номи Президенти Тоҷикистон мавсуф бо ҷоизаи давлатии Тоҷикистон – ордени "Дӯстӣ" қадр кардони шудааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки Ордени “Дӯстӣ” дар пойтахти Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз зимни мулоқоти ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии муовини якуми Сарвазири кишвар Ҳоким Холиқзода бо роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасир супурда шудааст.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва маориф дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории кишварҳо барои солҳои 2023-2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки то имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд барои дастгирии лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталиф 825 миллион доллар ҷудо шудааст.