Имзои қарордоди фурӯши барқ миёни Тоҷикистону ҳукумати Толибон*

Сарони ширкатҳои энержии ду кишвар - Барқи тоҷик ва “Брешно” (DABS) дар мулоқоти рӯбарӯ дар Туркия санади ҳамкорӣ барои соли 2025-ро ба имзо расониданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ва Афғонистон созишномаи интиқоли нерӯи барқро барои соли 2025 имзо карданд, иттилоъ додааст сомонаи расмии ширкати “Брешно”.

“Қарордоди хариди барқ барои соли 2025 миёни доктор Абдулбори Умар, раиси умумии иҷрои ширкати "Брешно" ва Муҳамадумар Асозода, раиси ширкати саҳҳомии “Барқи тоҷик” имзо шуд”,- хабар додааст ширкати “Брешно”.

Ҳамин тариқ, намояндагони ду ҷониб – холдинги энержии "Барқи тоҷик" ва ширкати энергетикии Афғонистон "Брешно" дар мавриди содироти нерӯи барқ ​​ба тавофуқ расиданд.
Мулоқоти ҷонибҳо ва имзои қарордоди дуҷониба дар пойтахти Туркия сурат гирифтааст.
Созишнома барои соли 2025-ро Маҳмадумар Асозода ва Абдулбори Умар имзо карданд.
Гуфта мешавад, ки ин дар ҳузури раҳбари Вазорати об ва энергетикаи Толибон* сурат гирифтааст.
Сафири Толибон* ба Душанбе меояд: дар сафорати Афғонистон чӣ гуна кор тағйир мекунад?
Ҷузъиёти созишнома дастрас нест. Маълум нест, ки Тоҷикистон дар соли 2025 ба кишвари ҳамсояаш чӣ қадар барқ хоҳад фурӯхт ва ба чӣ нарх.
Ёдовар мешавем, ки содироти нерӯи барқ ба ширкати "Брешно" (Афғонистон) тавассути ду хатти барқии 220 квт ва як хати барқии 110 квт амалӣ гардида истодааст.
Бояд гуфт, ки дар соли 2022 ҷониби Афғонистон барои ҳар кВт/соат 4,67 сент пардохт кардааст.
Истеъмолкунандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон Афғонистон ва пасон Ӯзбекистон аст.
Қаблан як намояндаи ширкати "Брешно" ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир вилояти Қундуз ба пуррагӣ ва вилоятҳои Тахор, Бағлон, Самангон ва дар ҳолатҳои хос шаҳри Кобул қисман аз барқи Тоҷикистон истифода мекунанд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.