Иҷозатнома барои боркашонӣ ё худ “дозвол” миёни Тоҷикистону Узбекистон бекор шуд

Вазорати нақлиёт гуфтанд, ки сар аз 21 ноябр убури мошинҳои боркаш аз қаламрави Узбекистону Тоҷикистон бидуни чунин расмиёт сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, парлумони кишвар протоколи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Узбекистон "Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ" - ро, ки 9 марти соли 2018 дар Душанбе ба имзо расида буд, тасвиб кард.
Ба гуфтаи вазорат. пас аз онки Маҷлиси намояндагони кишвар созиши дахлдорро тасвиб кард чунин кор амалӣ шуд.
“Пас аз тасвиб ба воситаи Вазорати корҳои хориҷа ба ҷониби Узбекистон аз иҷрои расмиёти дохилӣ хабар додем ва созиш мавриди амал қарор гирифт”,- гуфт манбаъ.
Ҷониби Узбекистон ин санадро ҳанӯз моҳи сентябр тасдиқ карда буд.
Ба иттилои вазорати нақлиёт тағйирот ба Созишномаи байниҳукуматӣ бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилии ҳарду кишвар, инчунин татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар бораи табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ворид карда шудааст.
Ҳуҷҷат содда кардани гузариши транзитии мошинҳои боркашро тавассути қаламрави ду кишвар пешбинӣ менамояд.
Чаро Душанбе дар банди мошинҳо мемонад: посухи Вазорати нақлиёт
Тибқи иттилои вазорат ҳар сол дар маҷмӯъ 25000-30000 адад иҷозатнома барои ҳамлу нақли дуҷониба, транзит ва интиқоли бор аз/ба давлати сеюм, ки қисми зиёди он барои боркашонии транзитӣ тавассути қаламрави Узбекистон истифода мешавад, табодул мегардад.
Қайд карда шудааст, ки ҳар сол воситаҳои нақлиёти автомобилии кишвари мо зиёда аз 36 ҳазор ҳамлу нақли байналмилалиро тавассути қаламрави Узбекистон анҷом медиҳанд.
Тибқи Пртоколи имзошуда акнун ҳамлу нақли транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бидуни рухсатнома амалӣ карда мешавад.
Ба истилоҳ варақаҳои "дозвол" ҳуҷҷати якдафъаинаест, ки ҳуқуқи истифодаи воситаи нақлиёти дар қаламрави як давлат ба қайд гирифташударо дар қаламрави давлати дигар барои ҳамлу нақли байналмилалӣ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан, моҳи сентябри соли 2024, Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Узбекистон "Дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ" аз ҷониби Парлумони Узбекистон низ ба тасвиб расид.