Заминларзаи шадид дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳамзамон, КҲФ дар такя ба иттилои раёсаташ дар ноҳияи Ляхш гуфтааст, ки "талаф ва харобӣ ба қайд гирифта нашудааст"
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 — Sputnik. Дар шарқи Тоҷикистон заминларза ба шиддати 5,6 дараҷа сабт шудааст.
Маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон хабар дод, ки манбаъ дар умқи 10 километр ҷойгир шудааст.
Дар бораи талафот ва хисорот маълумоте нест.
Дар ҳамин ҳол аз Душанбе гуфтанд, ки заминчунбй дар пойтахт амалан ҳис карда нашудааст. То ҳол дар бораи шиддати заминларза иттилоъи расмӣ аз Тоҷикистон дастрас нест.
Ҷойи нигаронӣ нест: КҲФ афзоиши заминларзаҳо дар ВМКБ шарҳ дод
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба ТАСС гуфтаан, зилзила дар ҷумҳурӣ соати 13:33 (11:33 ба вақти Маскав) ба қайд гирифта шудааст.
"Маркази заминларза дар 266-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, <...>48-километрии шимоли ноҳияи Ляхш воқеъ буд", - хабар медиҳад манбаъ.
Ҳамзамон, КҲФ дар такя ба иттилои раёсаташ дар ноҳияи Ляхш гуфтааст, ки "талаф ва харобӣ ба қайд гирифта нашудааст".
Маврид ба зикр аст, ки ин дуввумин заминларз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст.
Як рӯз қабл низ расонаҳои қирғӣ аз вуқуи заминларзаи чорбалӣ дар минтақаи марзии Уш ин кишвар хабар дода буданд.