МОИ-и Тоҷикистон мехоҳанд сармоягузорони бештари Русияро ҷалб кунанд

Имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ, ки дар вилояти Хатлон баргузор шуд, муаррифӣ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Имкониятҳои сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ муаррифӣ шуданд.
Дар вилояти Хатлон чорабинӣ зери унвони "Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ" баргузор гардид, хабар медиҳад намояндагии тиҷоратии Русия дар ҷумҳурӣ.
Дар минтақа намояндагони ҳукумат, роҳбарону мудирони созмонҳои байналмилалӣ ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон ҷамъ омаданд.
Ҳайати Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия аз чорабиниҳои форум ва намоишгоҳи ЭКСПО дидан намуда, маҳсулоти дар минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон сохташударо ба намоиш гузоштанд.
Илова бар ин, дар чаҳорчӯби чорабинӣ манотиқи ҷумҳурӣ, ки иқтидори маҳаллисозии истеҳсолот, аз ҷумла бо ҳузури ширкатҳои Русия, механизмҳои дастгирии давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мақомдорони Тоҷикистон пешравиҳои Узбекистон дар ташкили МОИ-ро меомузанд
Намояндаи тиҷорӣ Евгений Коренков қайд кард, ки "Намояндагии тиҷоратии Русия ба ҳамкорӣ бо соҳибкорони рус барои ҷалби онҳо барои ҷойгиркунии корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун платформаи инноватсия ва ҷалби сармоя барои кишвар аҳамияти хоса доранд.
Ширкатҳое, ки вориди МОИ мешаванд, аз афзалиятҳои рақобатии на танҳо як минтақаи мушаххас, балки давлат низ бархурдор мешаванд, афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки минтақаи озоди иқтисодӣ як қаламрави маҳдуди дорои мақоми махсуси ҳуқуқӣ нисбат ба ҳудуди боқимондаи давлат мебошад.
Аксар вақт мақоми махсус дар шароити имтиёзноки андоз ё гумрукӣ барои соҳибкорони миллӣ ё хориҷӣ ифода меёбад.