ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Маориф, омӯзиш ва тандурустӣ соҳаҳое ҳастанд, ки дар он бояд шаҳрвандони Русия кор кунанд.
Ҷалби муҳоҷирон барои кор дар ин соҳаҳо нодуруст аст, мегӯяд раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин.
Дар ин бора ӯ дар канали Telegram-и худ навиштааст.
"Маориф, омӯзиш ва тандурустӣ соҳаҳое мебошанд, ки дар он бояд шаҳрвандони кишвари мо кор кунанд, мо ҷалби муҳоҷиронро ба ин соҳаҳо нодуруст мешуморем", - қайд кард Володин.
Раиси Думаи Давлатӣ ёдовар шуд, ки Думаи давлатӣ кори такмили қонунгузории муҳоҷиратро қатъ намекунад.
Ҳафтаи оянда вакилони порлумон ба баррасии ташаббуси манъи қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳоро бидуни донистани забони русӣ шурӯъ карданд.
Аз аввали соли 2024 Думаи давлатӣ 13 қонунро таҳия ва қабул кард, ки ба беҳбуди сиёсати муҳоҷират нигаронида шудаанд.
Аз ҷумла, парлумон ба ҳукумат дар бораи иҷрои тадбирҳо дар самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ муроҷиатнома қабул кард.
Қаблан дар Русия қонунҳои нав барои ташдиди сиёсати муҳоҷират қабул шуда буданд. Санадҳои қонунгузорӣ ба сахттар кардани ҷазо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ марбутанд.