Тошканд убури марзро барои тоҷикистониҳо осонтар мекунад

Узбекистон тартиби убури марзро барои шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон тағйир медиҳад. Онҳо метавонанд бо кортҳои ID вориди ин кишвар шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Узбекистон ният дорад бо Қазоқистон ва Тоҷикистон тартиби сафари мутақобилаи шаҳрвандонро бо истифода аз кортҳои дохилӣ ҷорӣ кунад.
Дар ин бора раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар парлумони кишвар изҳор дошт, гуфт котиби матбуотии раҳбари ин кишвар Шерзод Асадов дар канали Telegram-и худ.
“Шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистон аз моҳи сентябри соли 2023 имкони убури марз бо кортҳои ID-ро ба даст оварданд. Ҳамин гуна иқдом қарор аст бо шаҳрвандони Қазоқистон ва Тоҷикистон низ сурат бигирад", - омадааст дар хабар.
Дар ҳоли ҳозир Узбакистон бо Қазоқистон ва Тоҷикистон режими бидуни раводид доранд, аммо шаҳрвандони ин се кишвар танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд аз марз убур кунанд.
Хатсайри нави автобус миёни Тоҷикистону Узбекистон
Мирзиёев зимни суханронии худ аз вазифаҳои асосии ҳукумат барои панҷ соли оянда низ баён дошт.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки мумкин аст миёни Тоҷикистону Узбекистон як масири нави ҳавоӣ боз шавад.
Ду кишвар қасд доранд, дар чаҳорчӯби Ёддошти ҳамкорӣ миёни корхонаҳои “Тоҷикаэронавигатсия” ва Маркази “Узаэронавигатсия” дар ҳарими ҳавоии ду кишвар парвозҳо анҷом диҳанд.
Санад 13 августи соли 2024 аз ҷониби мудирони кулли корхонаҳо Лоиқ Бегиҷонзода ва Дониёр Ҷумаев ба имзо расидааст.