Рустами Эмомалӣ озими шаҳри Санкт-Петербург шуд: Чаро?

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон барои дар ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Русия сафар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Рустами Эмомалӣ раи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-петербурги Русия сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Русия сафар карданд.
Қайд карда шудааст, ки дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Рустами Эмомалӣ: Дар самти ҳамкорӣ Тоҷикистону Русия бояд роҳҳалҳои навро пайдо кунанд
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли гузашта дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуда буд, ки дар он ҳам Рустами Эмомалӣ ширкат карда буд.
Дар кори ҷаласа роҳбарон ва аъзои ҳайати парламентии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок хоҳанд кард.