14 дарсад аз мубодилоти тиҷорӣ ИИАО ва Эрон ба кумаки Арманистон таъмин мешавад

Мақомоти Арманистон таъкид кардааст, ки ҳудуди 14 дарсад гардиши тиҷорӣ бо Эрон бо кумаки Арманистон сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Геворг Попӯян, вазири иқтисоди Арманистон, дар чорчӯби ҷаласаи маҷлиси миллии Арманистон зимни муаррифӣ пешнависи қонун дар бораи тиҷорати озод байни ИИАО ва Эрон эълом кард, ки 14 дарсад аз мубодилоти тиҷории Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Эрон ба кумаки ироаи хадамоти Арманистон таъмин мешавад.
Ин тавофуқ метавонад барои афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ фурсатҳои хӯбе фароҳам созад.
Эрон бузургтарин иқтисоди ховари миёна ва кишвари калидӣ дар масири тиҷории ҷанубии кишварҳои ховари миёна ва кишварҳои ҷануб аст.
Маврид ба зикр аст, ки тавофуқи муваққате, ки дар соли 2019 тасвиб ёфт, фурсати беназире барои афзоиши чашмгири гардиши молии кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёу Эрон фароҳам кард ва дар натиҷаи он гардиши молии мазкур аз 2,4 миллиард доллар ба 5,2 миллиард доллар афзоиш ёфт.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё сатҳи таварумро дар кишварҳои ИИАО таҳлил кард
Лозим ба зикр аст, ки ҳудуди 14 дарсад аз ин 5,2 миллиард гардиши тиҷорӣ бо Эрон ба кумаки Арманистон анҷом мешавад ва ин як рақами бисёр бузург аст.
Ҳадафи аслии ин тарҳ тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодии байни кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Эрон иртиқои ҳамкориҳо дар заминаҳои мавриди алоқа аст.
Тибқи пешбиниҳои коршиносон бо иҷрои ин тавофуқ, содироти Иттиҳодияи ииқтисодии АвруОсиё ба бозори Эрон афзоиш чашмгире хоҳад дошт ва тавофуқи мазкур дар ростои тавсеаи барномаҳои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои мушорикатӣ кумакҳои зиёде хоҳад кард.
Шоён зикраст ки то солҳои ахир, гардиши тиҷории Арманистон бо Эрон ҳудуди 300 милюн доллар будааст, аммо дар солҳои ахири ин гардиши тиҷорӣ ду баробар шуда ва ба маблағи 700 милюн доллар расидааст.