ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз боз намудани ҳар гуна паёмакҳо дар Телеграм эҳтиёткор бошанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар “Телеграм” паёмаки “Вам отправили подарок-подписка Телеграм Премиум сроком на 1 год! Активировать подарок через ссылку” бо истифода аз номи наздикон ба шаҳрвандон ирсол шуда истодааст.
“Дар натиҷаи таҳлил ва коркарди техникӣ муайян гардид, ки паёмаки мазкур ва пайванди (ссылка) ирсолшуда дорои вируси зараровар буда, ҳамлаи хакерӣ дар намуди “Фишинг” мебошад”, - таъкид кардааст прокуратура.
Ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ ҳушдор додааст, ки дар ҳолати кушодани паёмак ва ворид шудан ба пайванди ирсолшуда, хакерҳо метавонанд аккаунти “Телеграм”-и истифодабарандагонро ғайриқонунӣ аз худ намуда, ба мақсадҳои ғаразнок истифода баранд.
“Дар натиҷаи гузаштан ба пайванд (ссылка) метавон маълумотҳои шахсӣ ва бонкии худро дар ихтиёри хакерҳо-қаллобони интернетӣ гузошт, ки баъдан онҳо инро барои тасарруф намудани маблағҳои пулӣ аз кортҳои бонкии истифодабарандагон ё талаб намудани маблағ бар ивази баргардонидани аккаунтҳои аз худ шуда истифода намоянд”, - қайд кардааст прокуратураи генералӣ.
Манбаъ аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати ба онҳо ирсол гардидани паёмак ва пайванди болозикр, новобаста аз номи кӣ, онро накушоянд ва ба дигарон ирсол накарда, онро банданд (заблокировать) ё пок кунанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин як ҳушдор Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ дар сомонаи расмии худ нашр карда буд.