ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Муҳаммадҳусайни Равшанак, раиси Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон низ бо гиламандӣ аз боло будани аворизи вуруди колоҳои эронӣ ба Тоҷикистон, гуфт, нархи аворизи колоҳое, ки аз Узбекистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, бисёр поинтар аз аворизе аст, ки аз Эрон вориди ин кишвар мешавад.
“Ин боис шуда бархе аз колоҳои мо аз тариқи Узбекистон ба Тоҷикистон биравад, ки боиси гаронтар шудани колоҳои Эрон дар Тоҷикистон шудааст”, - гуфт ӯ.
Оқои Равшанак афзуд, нархи аворизи колоҳои эронӣ дар Тоҷикистон бавижа нархи маводи ғизоиро афзоиш додааст, дар ҳоле, ки барои Узбекистону Туркия ин афзоиш рух надодааст.
“Мо ба дунболи боло бурдани сатҳи равобит ҳастем ва агар ин мушкилот ҳал шаванд тиҷорати Эрону Тоҷикистон ба роҳате ба ду баробар афзоиш хоҳад ёфт”, - қайд кард раиси Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо раиси Утоқи бозаргонии Эрон дидору мулоқот кард.
Зимни мулоқот сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфт, ки ҳаҷми тиҷорати ду кишвар аз соли 99 токунӯн наздик ба 10 баробар афзоиш доштааст ва ин зарфият вуҷӯд дорад, ки тиҷорати ду ҷонибаро ба як миллиард доллар афзоиш диҳем.
Низомиддн Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо раиси утоқи бозаргонии Эрон бо эъломи убури тиҷорати ду кишвар аз марзи 300 миллион доллар дар 9 моҳи ахир, гуфт, ки Тоҷикистон солона ба як милюн тонна нафт ниёз дорад, ки Эрон метавонад онро таъмин кунанд.
Вай гуфт додугирифтро мехоҳем ба як миллиард доллар расонем.
Ҳамчунин дар ин дидор сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Ҳусайни Ғуломзода ба унвони намояндаи расмии Утоқи Тоҷикистон дар Эрон муаррифӣ кард ва гуфт, ки ин иқдом бо ҳадафи тавсеа ва рушди ҳамкориҳо миёни утоқҳои Эрону Тоҷикистон ва бахшҳои хусӯсии ду кишвар анҷом шудааст.