Ширкати чинӣ дар Хатлон мехоҳад корхонае бунёд кунад, ки аз партов барқ тавлид мекунад

Ширкати чинӣ амалисозии лоиҳаи сармоягузорӣ вобаста ба сӯзонидани партовҳо барои истеҳсоли неруи барқ дар вилояти Хатлонро баён доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар мулоқот бо ҳайати намояндагони ширкати “Shanghai SUS Environment”-и Чин мавзуи сармоягузорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои сӯзонидани партовҳои сахти коммуналӣ барои истеҳсолоти барқро баррасӣ кард.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни мулоқот таъкид кард, ки вилоят барои тақвияти ҳамкориҳо омода аст.
Тибқи иттилои манбаъ, ширкати “Shanghai SUS Environment” соли 2008 таъсис ёфта, ба як таъминкунандаи пешбари глобалии ҳалли экологӣ, бахусус дар соҳаи партов ба энергия (WtE) табдил ёфтааст.
Ин ширкат хидматҳоро барои сармоягузорӣ, сохтмон ва истифодаи неругоҳҳои WtE пешниҳод мекунад. Он бузургтарин истеҳсолкунандаи оташдон дар ҷаҳон ва дувумин сармоягузор дар лоиҳаҳои WtE дар ҷаҳон аст. Неругоҳҳои WtE партовҳои сахти коммуналиро (MSW) ба неруи барқ ​​ҳамчун манбаи устувори энергияи сабз табдил медиҳанд.
Ширкати чинӣ дар шаҳри Хуҷанд маркази гармидиҳӣ ва корхонаи коркарди партов месозад
Манбаъ қайд кардааст, ки намояндагони ширкати мазкур омодагии худро барои амалисозии лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба сӯзонидани партовҳо барои истеҳсоли неруи барқ баён доштанд.
Раиси вилояти Хатлон зимни мулоқот таъкид кард, ки амалишавии лоиҳаи мазкур натанҳо таъмини устувор ва тозаи неруи барқ мебошад, балки ба таъсиси ҷойҳои корӣ, омӯзиш ва рушди иҷтимоӣ дар минтақа низ мусоидат хоҳад кард”, - қайд кард дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
"Мо барои рушду пешрафти ҳарду кишвар, густариши муносибатҳои давлатӣ ва баланд бардоштани зиндагии мардум тамоми чораҳоро меандешем", - гуфт раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Чин.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи дигар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ табодули назар карданд.