Комиссияи иқтисодии АвруОсиё сатҳи таварумро дар кишварҳои ИИАО таҳлил кард

Аз ҷониби комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар моҳи октябр сатҳи таваррум дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таҳлил карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Моҳи октябри соли 2024 дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё болоравии начандон зиёди нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳоро нисбат ба моҳи пешин ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Сустшавии таваррум тақрибан дар тамоми кишварҳои узв ба қайд гирифта шудааст.
Табқи иттилои Комиссияи иқтисодии Авруосиё таваррум дар кишварҳои узв чунин будааст.
Дар охири моҳи октябр сатҳи таваррум солона чунин буд:
дар 🇦🇲Арманистон – 0,6%,
дар 🇧🇾Беларус – 5,9%,
дар 🇰🇿Қазоқистон – 8,5%,
дар 🇨🇳Қирғизистон - 4,8%,
дар 🇷🇺Русия – 8,5%.
Дар ҳама кишварҳо ба ҷуз Арманистон, тибқи оморҳо, коҳиши мизони таваррум мушоҳида мешавад.
Дар ИИАО бозори муштараки аграрӣ ташкил мешавад
Чанде пеш ин Комиссия хабар дода буд, ки дар шароити болоравии нархҳои ҷаҳонӣ, маҳдудиятҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва таҷдиди занҷирҳои таъминоти логистикӣ давлатҳои “панҷгона”-и АвруОсиё барои ҷилавгирӣ аз афзоиши нархҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллии таваррум чораҳо андешиданд.
Барои ба эътидол овардани нархҳои истеъмолӣ, Бонкҳои танзимгар меъёри бозӣамвилро дар солҳои охир дар сатҳи баланд нигоҳ доштанд.
Дар аксари кишварҳои иттиҳод мақомоти ваколатдор барои муваккатан танзими нархҳо барои бархе молҳои муҳими иҷтимоӣ, маҳдуд кардани содироти баъзе навъҳои мол, пур кардани бозори дохилӣ, назорати фоидаи тиҷоратӣ, додани қарзҳои имтиёзнок ва имтиёзҳои андозӣ, инчунин ҷубронпулӣ ба истехсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ чораҳо андешиданд.
Ҳамин тавр, бо андешидани чораҳо дар кишварҳои ИИАО, мӯътадилшавии таваррум ва афзоиши устувории нархҳо мушоҳида шуд.