Даъват ба артиш анҷом ёфт: Вазорат гуфт, сафи ихтиёрону фарзандони мансабдорон зиёд буд

Вазорати дифои Тоҷикистон хабар дод, ки нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар кишвар 100% иҷро гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳо пеш аз мӯҳлат 100% фоиз иҷро гардид.
Дар ин бора Вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи оморҳои вазорат дар даъвати тирамоҳии имсола шумораи шаҳрвандони ихтиёрӣ нисбат ба солҳои пешин ниҳоят зиёд буда, бештари довталабони хизмати ҳарбиро ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа, ки асосан мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Қувваҳои Мусаллаҳ омода менамояд, ташкил додаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои вазорати дифоъ, агарчӣ нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ пеш аз муҳлат 100%з иҷро гардида бошад ҳам, лек бо мақсади баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон фаъолияти мақомоти масъули вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ ё худ комиссияҳои даъватӣ то охири моҳи ноябри соли равон идома меёбад.
Дастури Вазири дифои Тоҷикистон барои пешгирӣ аз фасод ва “облава”
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи августи соли равон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи даъвати тирамоҳӣ ба аскариро имзо карда буд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Рашт ва вилояти Хатлон имсол якум шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро пеш аз муҳлат иҷро карданд.
Охири моҳи октябр шаҳри Душанбе ҳам аз иҷрои нақшаи даъват хабар дод.
Даъвати наваскарон дар Тоҷикистон 1 октябр оғоз гардида, то охири ноябр давом хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон дар як сол ду маротиба: даъвати баҳорӣ ва тирмоҳии ҷавонон ба сафи артиш сурат мегирад.
Соли ҷорӣ дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1997-2006 барои хидмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб мешаванд.