Тиббу иқтисод: Соҳаҳои серталаби довталабони тоҷик дар Русия

Довталабони тоҷик дар Русия бештар ба соҳаҳои иқтисод, тибб, ҳуқуқ, технологияҳои иттилоотӣ, сохтмон ва муносибатҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Довталабон аз Тоҷикистон бештар ихтисосҳои тибб ва иқтисодиро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия, интихоб мекунанд,
Дар ин бора раиси намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев ба радиои Love Radio Tj хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, довталабони тоҷик дар донишгоҳҳои Русия ҳамчунин ба соҳаҳои ҳуқуқ, технологияҳои иттилоотӣ, сохтмон ва равобити байналмилалӣ таваҷҷуҳ доранд
"Мо метавонем бигӯем, ки солҳои зиёд илмҳои тиб дар садри ихтисосҳои маъмултарин қарор доранд, яъне дар Тоҷикистон тиб, стоматология ва монанди инҳо маъмултаринанд – инҳо соҳаҳое мебошанд, ки шумораи зиёд алоқаманд дорад. Баъдан довталабон ба соҳаҳои иқтисод – менеҷмент, технологияҳои иттилоотӣ, ҳуқуқшиносӣ, сохтмон, меъморӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, забоншиносӣ, филология таваҷҷуҳ доранд”, - гуфт Патрушев.
Ба гуфтаи ӯ, маҳбубияти ихтисосҳои муҳандисӣ низ дар миёни довталабони тоҷик, ки ба донишгоҳҳои Русия дохил мешаванд маҳбубият дорад.
Дар Русия беш аз 36 ҳазор донишҷӯ ва аспиранти тоҷик таҳсил мекунад
Ба гуфтаи номбурда алоқамандии довталабон бештар ба риштаи технологияи иттилоотӣ тадриҷан афзоиш меёбад.
“Даҳҳо довталабон ба ихтисосҳои эҷодӣ ба таҳсил мераванд”,- гуфт ӯ.
"Ҳар қадаре ки ман дар Тоҷикистон бо роҳбарони корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ сӯҳбат мекунам, ҳама дар бораи зарурати ихтисосҳои муҳандисӣ сӯҳбат мекунанд: дар соҳаи сохтмон, энергетика, экология ва ғайраҳо мутахассис хеле кам аст, ки кишвар воқеан ба чунин мутахассисон эҳтиёҷ дорад", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло Русия барои Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар 1 ҳазор квота ҷудо шудааст. Дар маҷмӯъ беш аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд. Дар худи ҷумҳурӣ низ Донишгоҳи русию точики (славянӣ), филиалҳои Донишгоҳҳои давлатии Маскав мавчуданд. Ломоносов, Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии "МИССИС" ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии "МЭИ".