Дар Суғд барои фурӯши гази моеъ “лимит” ҷорӣ шудааст – акс

Бино ба сабаби камбуди гази моеъ, ширкатҳои таъминкунандаи маводи сӯзишворӣ дар Суғд водор шудаанд, ки дар фурӯши он маҳдудият ҷорӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 ноя – Sputnik. Арзиши гази моеъ давоми ду ҳафтаи охир ба 7,4 сомонӣ дакка зад. То ин замон ин навъ маводи сӯзишвориро бо 7,2 сомонӣ харидан имконпазир буд.
Аммо бо вуҷуди болоравии нарх ҳоло хариддории ин навъ маводи сӯхт дар шаҳри Хуҷанд ва дигар навоҳии вилояти Суғд мушкил шудааст.
Бино ба иттилоъи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ду рӯз ба ин тараф дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (АЗС) дар шаҳри Хуҷанд барои фурӯши гази моеъ маҳдудияти реҷавӣ ҷорӣ шудааст.
“Реҷаи фурӯши гази моеъ шабона аз соати 23:59 оғоз шуда то субҳ соати 08:00 имконпазир аст, дар дигар вақт маҳдуд аст” – шарҳ доданд, фурӯшандаҳо.
Зимнан дақиқ нест, ки “лимит” и фурӯши гази моеъ то чи вақт давом мекунанд ва оё ин барои поён бурдани нарх то куҷо муосидат хоҳад кард.
1 / 4
В Согде введен лимит на продажу сжиженного газа
2 / 4
В Согде введен лимит на продажу сжиженного газа
3 / 4
В Согде введен лимит на продажу сжиженного газа
4 / 4
В Согде введен лимит на продажу сжиженного газа
Гази моеъ яке аз серистифодатарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки ҳамасола дар остонаи фасли сармо арзиши он беист боло меравад.
Давоми як моҳи охир нархи газ аз 6, 8 сомонӣ ба 7,4 сомонӣ баланд шудааст.
Ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ (АЗС) сабаби инро ба нархи воридоти он рабт медиҳанд.
Бино ба мушоҳидаи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар муқоиса ба моҳҳои қаблӣ ҳоло ба ҷузъ аз гази моеъ, нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ бетағйир будааст:
Гази моеъ 7,4 сомонӣ;
Бензини АИ 92 – 10,6 сомонӣ;
Бензини АИ 95 – 10,8 - 11 сомонӣ;
Сӯзишвории дизелӣ ё солярка – 10,8 - 11 сомонӣ аст.
Маводи сӯхт ба Тоҷикистон асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.
Масъулони ҳукумати вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буданд, ки давоми шаш моҳи соли 2024 ба ин вилоят ҳудуди 150 ҳазор тон маводи нафтӣ ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 118% афзудааст.