Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад.
Ин дуввумин сафари кишвардор тайи якуним моҳи ахир ба вилоят аст. Қарор аст президент сатҳи омодагиҳо ба фасли зимистонро бисанҷад ва корхонаву биноҳои навсохтро ба истифода диҳад.
Дар робита ба ин мақомоти БДА-и вилоят аз роҳбандии бархе аз роҳҳо эълон кардааст.
Роҳбандӣ дар Хуҷанд
© Sputnik
Ба иттилои БДА санаи 19-уми ноябр роҳбандӣ дар роҳи роҳҳои Гулистон-Додобой, Холматов-Хуҷанд, кӯчаҳои Сирдарё, 60-солаги октябр, 25-солагии истиқлолият то маҳаллаии сеюми шаҳри Хуҷанд, кӯчаҳои Раҳмон Набиев, Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, роҳи мошингузари Хуҷанд-Ғафуров, кӯчахои марказии шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстон сурат мегирад.
Мақомоти БДА аз шаҳрвандон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки дар вақти маҳдуд шавии ҳаракат дар кӯчаву роҳҳои зикргардида ҳаракати худро аз тариқи роҳҳои ҳамшафат идома диҳанд.