ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Дар ИИАО бозори муштараки аграрӣ бо назардошти манофеи миллии аъзо ташкил мешавад.
Ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои ИИАО дар масоили саноати аграрӣ баррасӣ шавад.
Инчунин созиш шуд, ки корҳо барои мувофиқа кардани лоиҳаи Созишнома дар бораи тартиби эътирофи маҳсулоти органикӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро суръат бахшанд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Ереван ҷаласаи панҷуми Шӯрои сиёсати кишоварзии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор шуд, ки дар он намояндагони кишварҳои узви ин иттиҳодия ва Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ширкат доштанд.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои рушди устувори маҷмааи агросаноатӣ, самтҳои ояндадори дастгирии давлатии кишоварзӣ дар доираи ИИАО, такмили низоми пешгӯии комплексҳои агросаноатии кишварҳои узви иттиҳод ва дигар самтҳои дахлдори кори муштаракро баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи вазири кишоварзии Русия, вазъияти мураккаби байналмилалӣ ноил шудан ба худтаъминкуниро дар бахшҳои муҳими кишоварзӣ тақозо мекунад.
Вай афзуд, ки Русия дар ҳоли ҳозир технологияҳои рақамиро дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ фаъолона ҷорӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.